Аксия бахшида ба моҳвораи ҷавонӣ ва соли рушди сайёҳӣ

бғ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Ҷавонони мо, дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд, гуфтаанд дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ҳақиқат, ҷавонон қувваи бузурги ҷомеаро ташкил дода, ҳамеша дар мадди назари Сарвари муаззами кишвар ҳастанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва нақша –чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба моҳвораи ҷавонон ва соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия аксия баргузор гардид. Ин аксия бо ширкати васеи ҷавонону духтарон — аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида, дар ин аксия зиёда аз 500 варақаҳои таблиғотиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳои ҳудуди ноҳия тақдим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>