Нигаҳбони тинҷиву оромӣ бошем

андеша

АНДЕША. Мо ҳамеша кушиш мекунем, ки мардуми мо пайравӣ аз мазҳаби аҷдодӣ дошта, шахсони ғаразнок, мардуми бемазҳаб ва амсоли онҳо ақидаи динии моро фосид насозанд, одамонро барои ҳадафҳои худ қурбон накунанд.   Алъон фазои оламро пайваста таркишҳо фаро гирифта, дар Сурияву Ироқ, Афғонистону Покистон амалҳои террористӣ анҷом дода мешаванд. Дар натиҷа мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кучаву хиёбонҳои зебои шаҳру деҳот ғарқи хун гашта, ба ҷои хандаву суруд, фазои онро гиряи модарон ва ашки ятимон пур мекунад. Муҳим нест, ки ин таркишҳоро кӣ анҷом медиҳад, муҳим он аст, ки мардум аз макри душман бепарво гашта, зиракиро аз даст додаанд.   Ҳар гуруҳ мехоҳад ҳадафҳои худро ба воситаи рехтани хуни мардуми бегуноҳ пиёда созад, аммо дар ҳолати нооромии худ дар хориҷа қарор мегирад. Масалан, ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ  ва ҳам ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи 24» мардумро даъват мекарданд, ки ба майдон бароянд ва аз онҳо ҷонибдорӣ кунанд. Мақсад як буд, обро лой карда моҳӣ доштан. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тараққиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро мисли Сурияву Ироқ, Афғонистону Покистон ба вартаи ҳалокат афкананд.  Имруз, душман роҳи дигареро интихоб кардааст: худро ҳанафи мазҳаб нишон дода , ақидаҳои салафӣ, таҳрирӣ ва бемазҳабиро дар байни мардум паҳн мекунанд. Тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои тедевизионии хориҷӣ ва амсоли инҳо ба ҷавонон ҷиҳодро тарғиб намуда, мавфҳуми миллатро қабул надоранд. Чунин мепиндоранд, ки дар ислом миллат нест. Ҳол он, ки Худои таъоло дар қуръони Карим дар ояти 13 сураи «Ҳуҷурот» фармудааст: «Эй мардум, ба дурустӣ,ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то ба як дигар шиносо шавед!»  Барои мардуми имондор ҳамин оят бас аст. Зеро агар Худо мехост, ҳамаро як миллат ва як дин меофарид. Аммо Худо дар Каломаш миллату қабилаҳо ( давлатҳо)-ро  эътироф кардааст. Худованд одамонро забону лаҳҷа, ранги пуст, урфу одати гуногун ато намуда, ба ин васила фарзанди одамро гиромӣ доштааст. Худованд дар ояти 70 Сураи Исро, мефармояд: « Ҳамоно, фарзандони Одамро гиромӣ кардем ва дар биёбону дар дарё онҳоро барнишондем ва ба онҳо аз покизаҳо рузӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз он чӣ офаридаем, фазли бисёр додем». Имруз аз минбари созмонҳои ифротӣ гуфта мешавад, ки мусулмон бояд хиҷрат ва ҷиҳод кунад. Аммо ислом ин хунрезиву куштор нест, балки тарғибгари сулҳу салоҳ аст. Дар пайравии суннатии Пайғамбар (с), Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистогн муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бо мухолифин аҳд бастанд, ба хотири сулҳу салоҳи кишвар ба ҳамаи онҳо мансабу вазифаҳои баланд доданд, аммо мутаассифона ин тоифа аз ҳалимии Сарвари давлат истифода бурда бори дигар хостан хунрезӣ кунанд. Бинобар ин, бетараф набошед, саъю кушиш кунед, ҳар ҷо, ки аз номи ислом дар бораи сиёсат сухан меравад, онҳоро лаҷоми сухан надиҳед, хусумату бадбиниро пешгирӣ кунед. Дониста бошед, ки чунин  тоифа душмани давлату миллат, ҳамчунин душмани Худову Расул аст. Дини мубини ислом ба халқу Ватан садоқат доштанро бисёр қадр мекунад. Ҳар як инсон, хусусан, ҷавонон барои дуст доштани Ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромуш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ба озодиҳо инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомузи дини ислом чуни аст: «Дуст доштани Ватан аз гушаи имон аст».  Ҳифзу ҳимояи Ватан дар ислом ҷойгоҳи хосе дорад ба Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми Ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифа дорем, бароямон фарзу суннат аст, ки нигоҳбонии сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем, фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати ҳарбӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят ва равон намоем. Муҳимтар аз ҳама , мо бояд дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ зираку ҳушёр бошем. Танҳо ваҳдату якдилӣ, иттиҳоду иттифоқ омили хушбахтии мардум ва сарсабзии диёри азиз мебошад.

           Баҳодур Исмоилзода,

сархатиби ноҳияи Спитамен

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>