Чорабинии «Беҳтарин Оилаи ҳунарманд» бахшида ба «Рӯзи Оила»

ҶАББОР РАСУЛОВ. Санаи 16 майи соли 2018 дар асоси нақша чорабинии ТИ ҲХДТ «Истиқлол» дар тарабхонаи «Висол» чорабинии «Беҳтарин Оилаи ҳунарманд» бахшида ба «Рӯзи оила» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо, раиси ТИ ҲХДТ «Истиқлол» Каримова Марҳаматой, раиси ТИ ҲХДТ «Сино» Раҳимова Зебо, мудири кӯдакистони №1 Расулзода Шаҳноза ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд. Дар ин маҳфил ҳафт оилаи ҳунарманд аз Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд. Оилаҳои мазкур чӣ гуна аз вазъияти вазнини зиндагӣ баромадан, дар рӯзҳои ғамгину шодӣ чӣ тавр худро доштан ва дар ҳолатҳои ногувор тахаммул намуданро намоиш доданд. Ҳар як оила дар доираи имкониятҳои худ дар чорабинии мазкур таҷрибаи ҳаётии худро нишон дода тавонистанд.  Дар фарҷоми раиси ТИ ҲХДТ «Истиқлол» Каримова Марҳаматой ва мудири шуъбаи кор занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо иштирокчиёнро бо муносибати «Рӯзи оила» табрик намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва КИН ҲХДТ-ро супориданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>