Конференсияи илмӣ ва назариявӣ таҳти унвони «Оилаи солим- ҷомеаи солим»

панчакент

ПАНҶАКЕНТ. Шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар толори кумиҷроияи шаҳрӣ конференсияи илми ва назариявӣ таҳти унвони  Оилаи солим- ҷомеаи солим»-ро  баргузор карданд. Чорабиниро муовини раис-мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ Тошева Парвина оғоз бахшида ҳозиринонро бо Рӯзи оила табрик намуд. Дар чорабинии мазкур занони рӯзгордидаву омӯзгорони собиқадор иштирок дошта, аз фаъолияти корӣ, таҷрибаи рӯзгордории худ андешаронӣ намуданд. Инчунин, онҳо зимни суҳбат оид ба нақши зан-модар дар таълиму тарбияи фарзанд, мақоми зан дар ҷомеа ва як қатор масъалаҳои дигар суханронӣ карданд. Ҳамида Холова раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб зимни суханронии худ, иброз дошт, ки зан-модар аввалин устоди худшиносӣ, истиқлолхоҳию ватандорист. Зан ҳидоятгари инсон ба ҳаёти мустақил ва ба озодии андешаю афкор асту таҳрикдиҳандаи ҷомеа ба сулҳу осоиш. Зан-модар ҳомии хона, фароҳамсози гармӣ дар  муносибати аъзои хонавода, кафили оромишу созандагии муҳити оила аст. Бинобар ин, занро метавон раҳнамунсоз, таҳкимбахш ва ҳомии сулҳу Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номид. Ҳамзамон, мудири шӯъбаи иттиллоот  ва таблиғоти кумиҷроияи шаҳрӣ Лутфуллоев Б қайд намуд, ки боиси ифтихор аст, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавонони ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домони муҳаббати поку боиффати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба мардум дуо додааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>