Ватандорӣ ва меҳанороӣ аз нигоҳи ҷавонон

ХУҶАНД. Тибқи нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, бо ҷавондухтарону ҷавонписарони фаъолу созандаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар барномаи Телевизиони Суғд «Назаре ба оина» таҳти унвони «Ватандорӣ ва меҳанороӣ аз нигоҳи ҷавонон» роҳандозӣ намуд, ки дар он коршиносони барнома собиқадори ҳизб, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимахон Мӯъминова ва мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева иштирок намуда, назари хешро оид ба ҳисси баланди хештаншиносӣ, ватандории ҷавонон ва ташаббусу ғамҳориҳои беназиру падаронаи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд иброз намуданд. «Ватандорӣ аз худогоҳӣ ва худогоҳӣ аз андешаи миллӣ ва вусъати фарохи донишу маърифат оғоз мегардад.  Ватанороӣ ва ватанпарастиро мо – ҷавонони саодатманди Тоҷикистон аз Сармеъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, абармарди набард ва андеша Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меомӯзем! Ҳар як сухани Пешвои миллат, Сарвари муаззами ҲХДТ барои мо — ҷавонони ояндасози миллат чун гавҳараки чашм азизу муқаддас аст! Бо баҳоҳои хубу аъло таҳсил намудан, дорои интизоми намунавӣ будан, ҳамеша дар сафи пеши ҷомеа гом задану машаққату мураккабиҳои ҷараёни ҷаҳони муташанниҷи муосирро паси сар кардан ва қазовату хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри ривоҷу равнақи кишвари азиз — Тоҷикистон саҳми беандоза гузоштан рисолати азалӣ ва ҳарлаҳзаинаи мост,» — мегӯяд иштирокчии фаъоли барномаи мазкур Миҷгона Ғиёсова.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>