Ҷавонон дар шаҳроҳи бунёди ҷомеа навин

ХУҶАНД. Тарғибу ташвиқи ғояҳои хирадмандона ва созандаи Ҳизби Халқии Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба шумор меояд. Мунтазам ва сари вақт тарғиб намудани ҳадафҳои созанда ва ташаббусхои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо имконият медихад, то мардумро дар руҳияи огоҳии комили худшиносӣ, ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, муқовимат алайҳи экстремизм ва терроризм, муборизаи беамон бар зидди ҳодисаҳои номатлуб — ришва ва пораситонии коррупсионӣ, нашаҷаллобӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳизбҳои ғайридавлатӣ тарбия намуда, дар раванди бунёди ҷомеаи навин, ки дар ташаккулу таҷдиди он ҳиссаи ҷавондухтарону ҷавонписарон, ки зиёда аз 70-фисади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, назаррас арзёбӣ мегардад. Чунин гуфтушунидҳо дар сӯҳбати намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо муовини роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд Фариддун Мӯҳсинзода ва раиси комиссияи кор бо занону духтарони ташкилоти ибтидоии Кумитаи маҳаллаи «Чорчарог» Сангинова Муқаддас баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>