«Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат»

гултситон

ГУЛИСТОН. Бахшида ба моҳонаи «Рӯзи ҷавонон» бо мақсади тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар шаҳраки Зарнисор, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10, бо иштироки муҳассилин аксияи намоиши филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат» баргузор гардид. Дар он намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабова Г.М иштирок доштанд. Филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат» намоиш дода шуд. Сипас, мудирони шуъбаи кор бо занон Раҳимова ва кор бо ҷавонон Раҷабова Г.М. қайд намуданд, ки ояндаи халқу миллат ва ояндаи давлат ҷавононанд. Имрӯз ҷавонон  бисёр ҷавонони хушбахт ҳастанд, зеро зери дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Тамоми шароит ва имкониятҳо баҳри ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Онро самаранок истифода намуда, пеш аз ҳама сатҳи дониш ва маърифатнокии хешро баланд бардоранд. Ватани худро муқаддасу азиз  дошта, баҳри хизмати ӯ доимо омода бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>