Вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ

БӮСТОН. Оғоз аз санаи  14 майи соли равон  дар ташкилотҳои ибтидоии  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  вохӯрӣ бо шаҳрвандон ва ҷомеаҳои меҳнатӣ оид ба  расонидани мӯҳтавои  мулоқоти  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки дар арафаи  оғози моҳи шарифи Рамазон доир гардид, ташкил ва баргузор мегардад. Дар вохӯриҳо иштирокчини  бевоситаи   мулоқоти Пешвои миллат ҷалб гардида,  оид ба дастуру супоришҳои  навбатии Сарвари давлат баҳри зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии  мардум ва рушди  устувори соҳаҳои ичтимоиёту иқтисодиёти кишвар  суханронӣ менамояд. Дар вохӯри бо  кормандони соҳаи тандурустии шаҳр, ки дар муассисаи   Кӯмаки  аввалияи тибби санитарии шаҳр баргузор гардид, раиси  кумиҷроияи шаҳр оиди супоришҳои  Сарвари давлат дар ҷодаи   назорат бурдани  таъминот ва  истеъмоли аҳолӣ бо оби тоза дар фасли  тобистон,  андешидани чораҳои зарурӣ оид ба  пешгирии   хурӯҷи  касалии  ВИЧ СПИД дар байни аҳолӣ, ки бевосита аз фаъолияти  пурсамари кормандони соҳаи тиб  вобаста аст, сухан кард. Ҳамчунин,  тарғиботчиён  табрикоти  Пешвои миллатро  бахшида ба оғози  моҳи  шарифи Рамазон расонида,   даъват ба он менамоянд, ки   баҳри иҷрои  дастуру супоришҳои   Сарвари давлат  дар  моҳи  хайру саховат ва бахшишҳо бояд ҳар як фард, баҳри анҷом додани  амалҳои  хайриявӣ кӯшиш намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>