Тоҷикистон — сарзамини табиати нотакрор ва ҳунарҳои мардумии нодир

1

ХУҶАНД. Инсон ҳамеша ба тансиҳатӣ ва хотири ҷамъу осуда ниёз дорад. Яке аз рукнҳои асосии  рушди нерӯи инсонӣ солимии ҷомеа, яъне  сиҳатмандӣ ба шумор меояд, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар нуктаи меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Зеро оилаи солим аз кӯдаки солим маншаъ мегирад. Дар ҳошияи “Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ташкилоти ибтидоии МСШ №2 чорабинии илимӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – сарзамини табиати нотакрор ва ҳунарҳои мардумии нодир” баргузор гардид, ки хеле хотирмону диданӣ буд. Намоиши ҳунарҳои дастии аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Сармашқи фаъолияти густурдаи ташкилоти ибтидоии МСШ № 2  бо сарварии Гулнора Мирзоҳошимова тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди ба даст овардани ваҳдату амният, сулҳу суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ, ки ҳадафаш зиндагии шоиста маҳсуб меёбад, ҳиссаи муносибу сазовор мегузорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>