Толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» бунёд мегардад

мастчох

МАСТЧОҲ. Дар ноҳия ба сохтмони толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» оғоз бахшида шуд. Толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» барои 400 нафар пешбинӣ гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта ба истифода дода мешавад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳалли бунёди толори варзишӣ бо теъдоди зиёди варзишгарон ва фаъолони шаҳраки Бӯстон суҳбат намуда, иброз дошт, ки дар доираи «130 рӯзи меҳнати зарбдор», ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти варзишӣ ҷараён доранд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо теъдоди варзишгарон бамаротиб хоҳад афзуд. Ҳамчунин бо иштироки Раиси вилоят дар шаҳраки Бӯстон як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бунёд Исмоилов бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда, барои гузаронидани бозиҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шудааст. Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро ҷиҳати фароҳамсозии шароит ва ҷалби ҷавонон ба варзиш шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, ба чанде аз варзишгарон лавозимоти варзишӣ туҳфа кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>