Нест бод хоину ватанфуруш

андеша

АНДЕША. Имрӯз хоинону ватанфурушон дар ҳама кунҷу канори олам умр ба сар мебаранду ташкилкунандаи гурӯҳҳои ифротгару созмонҳои террористӣ мебошанд. Онҳо хатари ҳамешагии ҷаҳони муосир мебошанд. Солҳои охир терроризм ва экстремизм ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд. Рӯз аз рӯз онҳо сафи худро дар олам зиёд намуда, барои амну субот ва оромии мамлакатҳои ҷаҳон инчунин барои мардуми бегуноҳ хатари зиед эҷод карда истодаанд. Онҳо асосан кишварҳои мусалмонӣ ва мусалмоннишинро зери таҳдиду хатар қарор медиҳанд. Бамонанди дигар гурӯҳу созмонҳо ҳамчунин амалҳои ТТЭ ҲНИТ низ дар минтақа ба як муаммои рӯз табдил ёфтааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои худ онҳо фаъолияташонро таблиғ мекунанд. Дигаронро ба сафи худ ҷалб намуда, онҳоро гумроҳ карда истодаанд. Масъулини ҲНИТ таблиғгари хунрезиҳо, сабабгори аз байн бурдани расму оини аҷдодӣ, таърих, фарҳанг мебошанд. Дар ин раванд пайвастаи баъзе аз ҷавонони гумроҳ низ, боиси ташвиши ҳамагон аст. Яъне онҳо насли нави террористро ба дунё мероанд. Зеро алакай дар хуну мағзи онҳо ваҳшонияту қатл муҳр бастааст. Ваҳшонитҳое, ки имрӯз тариқи ВАО огаҳӣ пайдо мекунем, ки аз бераҳмии террористон кӯдакону занон, пиру ҷавон ба доми марг рафтанд. Лек онҳо чаро аз номи Ислом ҳарф мезананд. Худ дарк намекунанд, ки Ислом сирф дини покбуда, қатлу ваҳшониятро маҳкум мекунад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки маърифати ҳуқуқӣ, ҳуввияти миллӣ, масъулияти волидону омӯзгорон дар тарбияи насли наврас имрӯзҳо баланд гардида, мардуми шарафманди мо барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тақлиди фарҳанги бегона дастаҷамъона мубориза бурда, намегузоранд ки ягон ашхоси бегонапараст сулҳу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро халалдор созад. Барои посдории фарҳанги миллии аҷдодиамон ҳар яки мо ҷавонони бонангу ор бояд кӯшиш ба харҷ диҳем. Сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи Пешвои миллатро, ки барои ободониву шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон бахшида шудааст, содиқона ҷонибдорӣ намуда, бо ҷону дил барои ободонии ватанамон хизмат намоем. Мо ҷавонон баҳри пойдории сулҳу субот ва ҳифзи Ваҳдату Истиқлолят дар Тоҷикистон масъулем. Намегузорем, онҳо қадами нопоки худро ба Ватани азизамон гузоранд.

Лоиқ Тӯйчиев ноҳияи Деваштич     

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>