Вохӯрӣ дар коллеҷ

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси барқияи телефонии КИМ ҲХДТ аз 10.05.2018, таҳти №10 ва дар доираи чорабиниҳои КИ ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯри мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Набиев Шерзод иштирок намуда, дар суханрониаш иброз дошт, ки: «Таваҷҷуҳ намудан ба раванди дастгирии давлатии ҷавонон ва истифодаи нерӯи ақлониву ҷисмонии онҳо дар пешрафти ҷомеа дар меҳвари фаъолияти ниҳодҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ қарор дорад. Маҳз дар замонҳои қадим низ бузургони илму адаби мо ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа, шахсиятҳои зираку тавоно ва масъулиятшинос назар афканда, дар меҳвари эҷодиёти худ масъалаҳои тарбияи насли шоистаи замон ва ҳидояти ҷавонон ба сӯи фардои ободу осуда қарор додаанд.  Бо ташаббус ва сиёсати оянданигарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 – соли ҷавонон намунаи барҷастаи дастгирии давлатии ҷавонон маҳсуб ёфта, дар ин сол беш аз пеш ҷавонони саодатманди мо барои расидан ба ҳадафҳои наҷиб ва дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо ҷаҳду талоши бештар намуданд. Боиси зикр аст, ки Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба дастгириҳои давлатии ҷавонон дар солҳои минбаъда иброз доштанд, ки: «Ғамхории давлату Ҳукумат ба ҷавонон танҳо бо соли ҷавонон ба охир намерасад, балки баръакс давлату Ҳукумат ташаббусҳои созандаи ҷавононро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад намуд». Чунончӣ огаҳӣ дорем, соли 2018 дар кишвари азизамон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, ин раванд имконият фароҳам меорад, ки ҳарчи бештар ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Бо боварии комил изҳор медорам, ки бешак ҳамаи шумо ҷавонони фаъол имкони мусоидат ба рушди сайёҳӣ ва муаррифии мавзеъоти саёҳатии кишварро байни сайёҳони дохиливу хориҷӣ дошта бошед.     Тавре маълум аст, ҳамасола ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон моҳвораҳои ҷавонон доир гардида, баргузории чорабиниҳои гуногунсатҳи он имкон медиҳад, ки чеҳраи нав аз байни ҷавонони саодатманди мо кашф гардида, ҷалби онҳо ба фаъолият дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба роҳ монда шавад». Дар охир аз тарафи аъзоёни намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>