Туҳфаи китобҳо

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 16 майи соли 2018, таҳти №8 бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба қисми низомии 051056-и Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Дехмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 40 адад китобҳои бадеӣ, сиёсӣ ва таърихӣ бо забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ туҳфа карда шуд. Раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам сарбозонро бо «Рӯзи ҷавонон» табрик намуда, оиди сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирии ҷавонон суханронӣ кард. Дар навбати худ роҳбарияти қисми низомии 051056-и Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой барои дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миннатдории худро изҳор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>