Мулоқоти Раиси ноҳия бо намояндагони ҷомеа

ЗАФАРОБОД. Дар кохи фарҳанги «Зафар» Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КИ ҲХДТ, намояндагни фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ ва ходимони дин мулоқот карданд. Нахуст Раиси ноҳия аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки санаи 12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад гузаронида шуда буд ба намояндагони ҷомеаи ноҳия  маълумот доданд. Дар ҷараёни мулоқот Раиси ноҳия  Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ қайд намуданд, ки ҳар яки мо бояд дар таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии ноҳия, таъмири роҳи байни ҷамоатҳо доҳили роҳи ҷамоатҳо саҳмгузор бошем. Зимни баромади худ соиҳбкорони ватандӯсти ноҳия асосан ташаббус пеш гирифтанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати неку ояндадори роҳбарияти давлату ҳукумат дар корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳмгузор мебошанд. Як чанд соҳибкорон бо иқдоми наҷибу созанда таъмири беморҳонаи бачагонаи марказии ноҳияро бапурагӣ базиммаи  худ гирифтанд. Инчунин соҳибкор аъзои фаъоли ҲХДТ вакили Маҷлиси вакилони  халқи ноҳияи Зафаробод Кенҷаева Шаҳло баромад намуда, таъкит намуд, ки 2 синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро ба пурагӣ аз таъмир бароварда, минбад низ барои ободии ноҳия саҳми худро мегузорад. Дар охир Раиси ноҳияи  Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо итминон иброз доштанд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар роҳи созандагию бунёдкорӣ  ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон саъю талош хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>