Табрикоти ҲХДТ ба сарбозони қисми низомӣ

БӮСТОН. Дар доираи чорабиниҳои  «Як моҳи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонон  аз ҷониби КИ ҲХДТ  дар шаҳри Бӯстон  ташриф ба   қисми  ҳарбии 01972 (дивизия) сурат гирифта,   вохӯрӣ бо  афсарону сарбозон  баргузор гардид. Дар рафти   сӯҳбат бо  низомиён кормандони кумиҷроия оиди  ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ҳарф зада, таъкид намуданд, ки ҲХДТ зери шиори  «Барои  ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ,  суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии  шоистаи мардум!» саъю талош менамояд. ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун  ба нерӯи  ояндаи  давлати соҳибистиқлол этимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо  чораҳои мушаххас меандешад. Дар ин раванд таъкид гардид, ки  ҳизби пешсаф ҷавононро барои омӯзиши  илмҳои муосир ва мутолиаи  адабиётҳо ҳидоят менамояд. Ҳамчунин, аз ҷониби  кормандони  кумиҷроия барои сарбозон як қатор китобҳои  ҷолиб  ва овезаҳои тарғиботӣ тақдим карда шуда, оиди  китоби тозанашри «Армуғони  «Сухани халқ», маълумот дода шуд. Афсарону сарбозон дар навбати хеш эътиқоди худро нисбати  ҲХДТ, ғояҳои бузурги  барномавии он  ва нашрияҳои  писанддидаи  хеш  «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>