Вохӯриҳо бо аҳолӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ. Баҳри тарғибу ташвиқ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардида буд, нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳия ва тасдиқ гардид. Дар асоси он дар маҷлисгоҳои Ҷамоати деҳоти Сомониён МТМУ №11, МТМУ №26 ва Кӯдакистони №20 бо фаъолон, кишоварзон, аҳли ҷамоатчигӣ, падару модарон ва ҷавонон вохӯриҳо баргузор гардиданд. Дар вохӯриҳо раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов Раҳматуллоев Садриддин аз ҳавзаи интихоботии № 14 оид ба, Темиров Абдуғафур аз ҳавзаи интихоботии № 15, Рӯзиев Рӯзибой аз ҳавзаи интихоботии № 16 ва Ғаниев Адҳам аз ҳавзаи интихоботии № 17 иштирок ва оиди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», пешгирии экстремизму терроризм, бемориҳои ВИЧ СПИД ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ суханронӣ карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>