Конференсияи XXVIII ғайринавбатии КИ ҲХДТ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар  маҷлисгоҳи ҶСК ба номи «Абдураҳим Ҷумаев»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Конференсияи  XXVIII ғайринавбатии КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.  Дар кори конференсияи  XXVIII ғайринавбатии ноҳиявии ҲХДТ намоянадаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Гулбеков Гулбек Ҷӯрабекович ва аъзои комиссияи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Дадохӯҷаев Норхӯҷа иштирок карданд. Рӯзномаи пешниҳодгардида бо як овоз аз тарафи вакилон тасдиқ карда шуд ва қарори конференсия қабул гардид. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ҷои вакили хориҷшуда, роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Ахмедов А., баромад карда таклиф намуд, ки ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ҷои вакилони хориҷшуда номзадии Очилов Дадо Икромович соли таваллудаш 1963 миллаташ  тоҷик, маълумоташ олӣ,  аъзои  ҲХДТ, муассиси ҶДММ «Силкоат Бойя» номзад  ба  вакилии  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии  «Хистеварз» №63 пешбарӣ карда  шуд. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи конференсия оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Инқилоб» №26 ба ҷои вакили хориҷшуда, роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Ахмедов А., баромад карда таклиф намуд, ки ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳиявӣ ба ҷои вакилони хориҷшуда номзадии Абдуллоев Алишер Амонҷонович – соли таваллудаш 31.10.1981  миллаташ  тоҷик, маълумоташ олӣ,  аъзои  ҲХДТ,  раиси кулли ҶДММ «Эҳсон» номзад  ба  вакилии  Маҷлиси вакилони халқи ноҳиявӣ аз ҳавзаи интихоботии «Инқилоб» №26 пешбарӣ карда  шуд. Охунова А., ҳозиринро бо ҳаёт ва фаъолияти номзадҳо шинос намуда. доири фаъолияти меҳнатии онҳо суханронӣ кард. Конференсия оиди масъалаҳои пешниҳодгардида қарори дахлдор қабул кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>