Тақвияти корҳои тарғиботӣ – асоси фаъолият

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи Кумиҷроияи вилоятӣ бо иштироки раисони кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Сарфароз Фаттоҳзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки дар арафаи Моҳи шарифи Рамазон дар пойтахти мамлакат баргузор гардида буд, мушаххасан ҳарф зад. Ибрози назар карда шуд, ки оид ба мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар таассуроту андешаҳо бояд пешниҳод гашта, дар расонаҳои хабарӣ интишор ёбанд. Сарфароз Фаттоҳзода диққати иштирокчиёни маҷлисро ба фаъолияти ҳизбӣ дар миқёси вилоят ҷалб намуд. Ба як қатор камбудиҳои ҷойдошта эрод гирифта, қайд кард, ки фаъолияти шӯъбаҳои кор бо занон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро дар тамоми кумиҷроияҳо бояд хуб ба роҳ монд. Оид ба оғоз ёфтани семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ сухан карда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани семинар масъулин муваззаф карда шуданд. Роҷеъ аз гузаронидани санҷишҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва мувофиқи матлаб ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо, ирсоли хабару вокунишҳо ба сомонаи ҳизбӣ, ба қисмҳои ҳарбӣ дастрас намудани адабиёти лозима, ташкили аёдати ниёзмандон аз тарафи кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо ва вакилон, омодагӣ ба рузи ҷавонони Тоҷикистон ва ғайраҳо супориш дода шуд.  Сарфароз Фаттоҳзода ҷоннок намудани корҳои тарғиботиро дар самти пешгирии терроризму экстремизм ва бемории ВИЧ СПИД яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кумиҷроияҳо арзёбӣ кард. Зикр дошт, ки баҳри ҳаматарфа пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуб ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма, бахусус телевизиони вилоят ва телевизионҳои маҳаллӣ бояд густариш дод. Ҷаласаи корӣ баъдан дар ҳузури мудири шӯъбаи ташкилӣ ва омори Кумиҷроияи вилоятӣ Фаррух Зоҳидов идома ёфт. Номбурда диққати иштирокчиёни маҷлисро ба масъалаи баргузории семинари ҷумҳуриявӣ ҷалб намуд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки барои дар сатҳи баланд доир гардидани семинари ҷумҳуриявӣ ҳамаҷониба омода бошанд. Раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо иброз намуданд, ки дар ташкил ва гузаронидани семинари мазкур аз тамоми имкониятҳо босамар истифода хоҳанд кард. Бо ҳамин маҷлиси навабатии корӣ анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>