Дави миллӣ

ИСТАРАВШАН. Дар шаҳри Истаравшан бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дави миллӣ бо иштироки табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аъзоёни намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баргузор гардид. Масири Дави миллӣ дар шаҳри Истаравшан аз назди МТМУ №32 оғоз гардида тавассути хиёбони Исмоили Сомонӣ то майдони нишонро дарбар гирифт. Дави миллӣ низ яке аз мусобиқаҳои оммавӣ -варзишӣ ба шумор рафта, сол аз сол нуфузи ин мусобиқа афзуда, хоҳишмандони зиёд дар он иштирок менамоянд. Дар ин сол дар Дави миллӣ наздики 2000 нафар ширкат карданд. Пас аз анҷоми чорабинӣ ғолибон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>