Дави миллӣ

АШТ. Рӯзи гузашта Дави миллӣ дар ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва садҳо занон, наврасону ҷавонон ҳамчун чорабинии оммавӣ муташаккилона баргузор гардид.  Қабл аз оғози чорабинии марафони велосипедронӣ сурат гирифта, сипас иштирокчиёни чорабинӣ аз даромадгоҳи ҷамоати шаҳраки Шайдон то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давиданд.  Роҳбарияти ноҳия ба иштирокчиёни чорабинӣ миннатдорӣ изҳор намуда, баён дошт, ки солҳои охир Дави миллӣ мақоми хешро боз ҳам вусъат пайдо карда, мардум имрӯзҳо аз хурд то бузург ба машқи варзишӣ аҳамияти зарурӣ медиҳанд. Зеро саломатии миллат ояндаи давлат аст.     Боиси зикр аст, ки дар марафони велосипедронӣ аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолона ширкат варзида, ба чорабинии Дави миллӣ кормандони Кумитаи иҷроия ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба пуррагӣ сафарбар гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>