Мусобиқаи волейбол байни бонувони омӯзгор

IMG_0060

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Тибқи нақша – чорабинии намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоми КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишии вилоятӣ байни омӯзгор бонувони муассисаҳои касбии олӣ ва коллеҷҳо дар толори варзишии Литсейи №1- и шаҳри Хуҷанд бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор намуд. Дар мусобиқа 10 даста 100 нафар омӯзгор варзишгарони донишкадаҳо ва коллеҷҳо иштирок намуданд. Бози байни дастаҳо хелло ҷолиб ва шавқовар сурат гирифта, омӯзгорон бо як шавқ беназир қувваозмои карданд. Дар маросими пӯшидашавии  мусобиқа Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаттоҳзода С. иштиорк намуда, иштирокчиёнро бо моҳи ҷавони табрик ва муборакбод намуда ба ғолибон Ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуданд. Ҷойи савум сазовори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ҷойи дувум сазовори Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,  ҷойи аввал ва Ҷоми ҲХДТ – ро  Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовор гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>