Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд

ЗАФАРОБОД. Президенти кишвар чӣ дар паёмҳо ва чӣ дар маҷлисҳои ҳукумат ба масъалаи ҷавонон аҳамияти махсус медиҳанд, зеро ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон метавонанд, давлатро пеш баранд. Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Дар варзишгоҳи марказии ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон санаи 22-майи соли ҷори барномаҳои фарҳанги баргузор гардид, ки боиси хушҳолист. Ба ҷавонони варзишгар, кормандони болаёқатманд, толибилмоне, ки бо баҳои аъло хонда истодаанд ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод аз тарафи  супорида шуд. Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд. Тибқи нақшаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави террористиву ифродгароӣ ва бедор намудани ҳисси хештаншиносиро ба роҳ мондааст, ва барои ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар варзишгоҳи ноҳия машқи пагоҳирӯзӣ ташкил карда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>