Рӯзи дарҳои кушод

ГУЛИСТОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон,  дар доираи чорабиниҳои моҳонаи  «Рӯзи ҷавонон» тасмим гирифт ва  бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 45025  вохӯрӣ ташкил ва баргузор намуд. Раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода  афсарону сарбозони қисми ҳарбии 45025 бо «Рӯзи ҷавонон» шодбош намуда, дар бораи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Зикр гардид,  ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таъ­рихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебо­шанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам овардааст. Ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Чӣ хеле, ки Пешвои миллат дар ҳар барома­дашон таъкид менамоянд, “Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”.     Дар поёнии вохӯрӣ ба афсарону сарбозон зиёда аз 200 адад китоби бадеӣ  бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, овезаҳои тарғиботӣ  Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», Соли — 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташаббуси беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>