Корҳои тарғиботӣ идома дорад

ҶАББОР РАСУЛОВ. Баҳри ташвиқу тарғиби муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018, иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», пешгирии экстремизм, пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгирии никоҳи бармаҳал, зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби ҷавонони фаъол, кормандони Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мунтазам кушиш ба харҷ дода, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо суҳбату вохӯриҳоро баргузор намуда, маодҳои тарғиботиро дастрас карда истодаанд. Мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «КАТС» ва корхонаи дӯзандагии «Дилноза» оиди масъалаҳои дар боло зикргардида суҳбат доир намуда, маводҳои тарғиботии ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 бахшидашударо ба онҳо дастрас намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>