Ярмаркаи ҷойхои нави корӣ

КОНИБОДОМ. Шўъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Конибодом ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои нави корӣ роҳандозӣ намуда, ба корфармоёну корҷуён имкониятҳои васеи интихобро фароҳам месозад. Чанде пеш дар маркази шаҳр ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ  ташкил карда шуд.Дар он масъулини 12 ташкилоту муассисаҳо  ба корҷӯён  беш аз  111 ҷойҳои нави кориӣ холи пешниҳод   карданд. Мудири шўъбаи ташкилии  КИ ҲХДТ Ҳоҷиев Фирўз дар  ярмаркаи ҷойҳои холӣ  иштирок намуда, барои соҳиб шудани ҷавонон бо ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд.   Бояд қайд намоем, ки дар ярмарка шумораи зиёди сокинони шаҳр аз ҷумла корҷуён  ширкат варзиданд ва дар он 10 нафар муроҷиаткунандагон бо ҷои нави корӣ таъмин гаштанд, 15 нафар ба ҷои нави корӣ писандидаашон  роҳхат гирифтанд. Инчунин қисмати дигари  корҷуён, ки ихтисос надоштанд, ба касбомўзӣ ба муассисаи  таълими  калонсолон  ҷалб карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>