Иқдоми созандаву ободкорона

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 16.02.2018 оид ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи сохтмон ва ба истифода додани биноҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои сохтмонии бинои маъмурии КИ ҲХДТ идома дорад.Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия, бо роҳбарии Раиси ноҳия  муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода, ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ноҳия, вакилон, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, шуъбаҳои маорифу тандурустӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ошёнаи аввали бино ба тариқи ҳашари умумӣ бомпӯш карда шуд. Ҳар як аъзои фаъоли ҳизб ин иқдоми созандагиву ободкоронаро пайгирӣ намуда, дар пешрафти Ватани азизамон саҳми худро хоҳад гузошт. Корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>