Аёдати Садбарги ҳунарманд бахшида ба Рӯзи ҷавонон

БӮСТОН. Дар доираи чорабиниҳои «Як моҳи ҷавонӣ» бахшида ба  Рӯзи ҷавонон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон аёдат ва дидобинии  ҷавонони  имконияташон маҳдуди  шаҳр дар ҷойҳои истиқоматӣ ба роҳ монда шуд. Яке аз аёдатшудагон Садбарг Муталибова, ки бо амри тақдир аз роҳ гаштан маҳрум буда, тамоми ҳаёт дар аробачаи маъюбӣ нишастааст, ҳеҷгоҳ  аз ҳаёт ва зиндагии доштааш  рӯҳафтода нагардидааст. Садбаг, дар ҷои нишасти худ бо  омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ машғул шуда,  айни ҳол чор намуд  ҳунарҳои мардумиро  иҷро менамояд. Ҳамчунин, Садбарг  истеъдоди  эҷод намудани  шеър низ дорад. Соли 2015, ҳангоми  расми кушоди  иттиҳодияи ҷамъиятии Хонаи маъюбони шаҳри Бӯстон, ки  бо иштироки бевоситаи  Пешвои миллат баргузор гардид, ба пешвози  Сарвари давлат  Садбарг  шеъри  тозаэҷоди хешро қироат намуд, ки  писанди  Пешвои миллат ва ҳамагон гардида буд.    Ин навбат, ҳангоми  вохӯрӣ бо Садбарг  ӯ чанде шеърҳои тозаэҷоди хешро ба ҳозирин қироат намуда, намунаҳои  маҳсули дастони хеш аз ҷумла, гулдӯзӣ, бофандагӣ ва  мӯҳрабофиро  манзури ҳозирин гардонид. Муовини Раиси шаҳри Бӯстон Зоирӣ Ғ.М. ва раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Мухторова Г.У.  ба Садбарги  ҳунарманд табрикоти  Роҳбарияти олии ҲХДТ-ро расонида тӯҳфаҳои хотиравӣ ва шириниҳо тақдим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>