Дониш андар дил чароғ и равшан аст

ИСТИҚЛОЛ. Яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаи инсонӣ баъд аз саломатии комил, омӯхтани дониш аст. Илму дониш – сарчашмаи муваффақиятҳо, асоси комёбиҳо ва калиди  хушбахтиҳост. Ҳамасола дар макотибҳои олии ҷумҳур барои натиҷагирӣ  аз дониши панҷсола имтиҳоноти давлатии аттестатсионӣ оғоз мегардад. Дар  ташкилоти ибтидоии Аҳмади Дониш, ки сарварии онро  Дӯсматова Шаҳло Валиевна ба ӯҳда доранд, дар соли хониши 2017- 2018 зиёда аз 190 нафар донишҷӯён шӯъбаи ғоибонаи факултети забони русиро ба итмом мерасонанд. Барои рушди маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутахассисони баландихтисос заруранд. Танҳо мутахассисони соҳиб- дониш ва соҳибмаллака метавонанд насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиноси, ватанпарварӣ, созандагиву ободкорӣ таълиму тарбия диҳанд. Танҳо чунин мутахассисон метавонанд ҷавонони миллатро, ки ояндаи он башумор меоянд, забономӯзу забондон ба воя расонанд. Маврид ба қайд аст, ки донишҷӯёни хатмкунанда айни ҳол рисолаҳои дипломии хешро дар мавзӯҳои мухталиф дифоъ  намуда, ба баҳоҳои  арзандаи аъзои Комиссияи аттестатсияи давлатӣ сазовор гардида истодаанд.  Умед дорем, Тоҷикистони азиз  дар таъмини  мутахассисони баландихтисос,ки барои омӯзиши забони байналмилалӣ- забони русӣ, забони муоширати байни миллатҳои гуногун, ниёз пайдо нахоҳад кард. Бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва пешсаф дар ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон намояндагии Ҳизиби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол ба якчанд нафар аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” — хонанадагони болаёқат ва он нафароне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидаанд бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид. Бо ин мақсад дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва литсейи касбии техникӣ бо ҷавонон вохӯриҳо баргузор гардиданд ва рафти вохӯриҳо ин нафарон чун намунаи ибрат барои дигар наврасон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Қайд гардид, ки оянда низ ҷавонони фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” мунтазам дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>