Танзими ҳуҷҷатгузорӣ

ГУЛИСТОН. Бо мақсади мусоидат намудан дар танзими ҳуҷҷатгузорӣ кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А. ва Раҷабова Г.М. тибқи нақша аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии Корхонаи бисёрсоҳавии хоҷагии рифоҳию манзилии шаҳраки Адрасмон диданӣ намуданд. Ҳангоми шиносоӣ бо ҳуҷҷатгузорӣ маълум гардид, ҳуҷҷатгузорӣ дуруст ба роҳ монда шуда, ба талабот ҷавобгӯ аст. Ташкилоти ибтидоии Корхонаи бисёрсоҳавии хоҷагии рифоҳию манзилии шаҳраки Адрасмон дорои утоқи алоҳида мебошад. Ороиш мутобиқи талабот буда, ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи зарурӣ, ҳаққи аъзогӣ саривақт супорида шудааст. Бо  вуҷуди ин бобати бартараф намудани баъзе камбудиҳо бо шахси масъул суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дастуру супоришҳо дода шуданд. Кор дар ин самт давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>