Пироҳани миллӣ – рукни арзишманди худшиносии бонувон

ХУҶАНД. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пироҳанро як пораи фарҳанги миллӣ муаррифӣ намуда, бар он ақидаанд, ки ҳар халқу миллати ҷаҳон на танҳо бо забон, урфу одат ва анъанаҳои худ балки бо либоси худ тарзи тайёр намудан ва одоби истифодаи он аз ҳам тафовут доранд. Ба бар кардани либоси зебои миллӣ, шинаму озода аз фазилатҳои хуби инсонӣ маҳсуб меёбад. Маҳз одам бо либоси миллии ороста метавонад, муаррифгари фарҳанги хеш бошад.  Пӯшидани либос таъби баланди эстетикиро аз инсон тақозо дорад. Муназзам, мувофиқи рангу тобиш ва қаду қомат, ҳусн, ранги пӯст ба бар намудани пироҳан ба ҳусни бонувони тоҷик боз ҳусн зам мекунад, ки арзишмандтарин рукни худшиносӣ ба шумор меояд.    Ин ва дигар нуқтаҳои ҷолибу судманд дар ҷамъомади фарҳангии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар он мӯдшиносон, таърихнигорон, олимону зиёиён ва донишҷӯён ширкат варзида, оид ба таърихи пираҳани тоҷикӣ, намудҳои он,тарзи ба бар кардани он мубоҳисаи доманадор ба миён оварданд. Хулосаи иштирокдорони маҳфил аз он иборат буд, ки маҳз либоси миллӣ ва ба бар кардани он арзишмандтарин рукни худшиносӣ ба шумор меояд.       Бо сухани хотимавӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева баромад намуда, дар мавриди асолати азалӣ ва рисолати ҳамешагии нигаҳдошт ва тарзу усули пӯшидани либосҳои миллии тоҷикона, ташаббусҳои фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё,ва рушду такомули ҳунарҳои мардумӣ, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи он фарҳаги дӯхт ва ба бар намудани пироҳани либоси шинам ва зебои миллист, ибрози ақида намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>