Тақдими китоб ба кисмӣ низомӣ

АШТ. Ба хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 14356Б китобҳои бадеӣ ва илмӣ туҳфа карда шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Б.Зиёӣ ширкат варзид. Чорабиниро командири қисми ҳарбӣ Каримов Р. ҳусни оғоз бахшида, мақсад аз ташрифи меҳмононро баён намуд.  Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Б.Зиёӣ афсарону аскаронро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки Шумоён — ҷавонони шуҷои Ватан, ки имрӯзҳо баҳри ҳифзи марзу буми диёр содиқона камар бастаед, мояи ифтихор ҳастед. Ва бо сари баланд қарзи шаҳрвандии хешро адо намуда истодаед. Афсарону аскарони қисми ҳарбии 14356Б низ дар чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ ватанпарастӣ, аз ҷумла конференсия, мизи мудаввар, вохӯриву мулоқотҳо бо иштироки наврасону ҷавонон, ки бо итикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ баргузор мегардад, ҳамкории зич дорад. Ҳангоми тақдим намудани китобҳо аз хизматчиёни ҳарбӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ин адабиётҳоро ба пуррагӣ мутолиа намоянд, чунки мазмуну муҳтавои онҳо хусусияти тарбивӣ ва муҳаббат ба Ватанро доранд. Инчунин ба низомиён дар ин рӯз тӯбҳои волейболбозӣ, футболбозӣ, баскетболбозӣ ва шашкаю шоҳмот супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>