Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоатҳо

КОНИБОДОМ. Ҷиҳати фаҳмонидани мазмуну моҳияти нуқтаҳои баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати милли,Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки санаи 12 майи соли ҷори бо намояндагони ҷомеаи кишвар баргузор гардид вохӯриҳо рафта истодааст. Вохӯрии  навбатӣ бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Пӯлодон ва Патар гузаронида шуд, ки дар он беш аз 400 нафар сокинон иштирок доштанд. Дар вохӯри Ҳомиди И муовини Раиси шаҳр, Бобоҷонзода А.Т Раиси КИШ ҲХДТ, Ҷӯраева М мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД ва намояндаи раёсати амният иштирок ва баромад намуданд. Ҳомиди И дар баромади худ оид ба нуқтаҳои асосии баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, талошу тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллали оид ба оби тозаи ошомидани, анҷом додани корҳои хайр ва савоб, вазъи имрӯзаи ҷаҳон суханрони намуд. Ҷӯраева М дар самти маърифати оиладорӣ, ҳурмати пиронсолон ва таъмини волоияти қонун «Дар бораи масулияти падару модар дар талиму тарбияи фарзанд», зарурияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон суханрони намуд. Бобоҷонзода А.Т баромад намуда қайд кард, ки ӯ дар ин вохӯрӣ шахсан иштирок намуда, аз суханронии Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифроти  суханрони кард ва аз ҳозирин хоҳиш ба амал овард, ки  қадру қиммати Истиқлолиятва Ваҳдаи милли расем ва бо масъулияти дучанд меҳнат намуда баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани мамлакатамон саҳмгузор бошем. Сипас имонхатиби масчиди ҷомеаи «Машад» Нозиров Исмоил баромад намуда  қайд кард, ки ӯ низ бевосита дар мулоқоти Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, ки бо намояндагони ҷомеаи кишвар гузаронида шуд иштирок намудааст,  даъват намуд, ки мо бояд зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарҷамъу мутаҳид  бошем. Дар охир раисони Ҷамоатҳо баромад намуда қайд карданд, ки мо аҳли Ҷамоат барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона ҳаракат намуда, барои ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа ҳиссаи худро мегузорем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>