Кӯдакистони нав бунёд мегардад

ДЕВАШТИЧ. Дар назди Кӯдакистони №1 барои бунёди бинои 2 ошёна барои 4 гурӯх бо сад ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд.  Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Ҷӯразода Р.Б баромад намуда, қайд кард, ки Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12 майи соли ҷорӣ чи хеле, ки бомаврид қайд намуданд: «Ташаккулёбии миллати аз назари ҳуввият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат кори салҳу осон нест, балки раванди бардавому тӯлонии пешбурди корҳои тарбиявӣ дар оила, боғчаи кӯдакон, мактабу донишгоҳҳо вазифаи доимии хизматчиёни давлатӣ, зиёиён, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, шоирону нависандагон ва ходимони дин мебошад».  Айни ҳол корҳои сохтмонӣ лоиҳабандӣ карда шуда, маблағи он аз ҷониби шахсони саховатпеша, соҳибкорони маҳаллӣ ва волидайн пардохт карда шудааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 3 миллион сомонӣ буда, барои оғози кор аз буҷаи маҳаллӣ 184 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Кордон» дар ӯҳда дорад. Бояд қайд намуд, ки бо сохта мавриди истифода қарор гирифтани ин бино шароити таълиму тарбия беҳтар гардида, баҳри машғулияти кӯдакон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешавад. Ин далолат аз ғамхории ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони саховатпешаю ватандӯст баҳри ободии ватан дарак медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>