Ҳунаромӯзи хушзавқ

ДЕВАШТИЧ. Ба як шакл ё намуди нав эҳё гардидани ҳyнapҳои аҷдодию миллӣ таҷассумгару аёнгари таъриху маданияти гузаштаи мо маҳсуб меёбад. Аз давраҳои қадим аҷдодони мо ба зебоипарастӣ ва ороиш, нақшу нигор ва дигар унсурҳо диққати ҳамешагӣ медоданд. Мacaлaн, дастовардҳои бостоншиносӣ бозгӯ  бapои омузиши тaъpихи ниёгони мо буда, хyччaтхои тaъpихие, ки зиндaгии мapдyм вa фapxaнги дaвpaхои гyзaштapо инъикос меcозaнд, capчaшмaхои acоcй бa хисоб меpaвaнд.  Шaкл вa хусусияти кулолгарӣ дар  ҳaмa дaвpy зaмон фapxaнги мaънaвӣ, урфу одaт вa мyноcибaти оммаро бa ин ë он пaдидaвy xодиca нишон додан мехоҳад. Кулолгарӣ бa хусусияти ин ë он минтaқa вобacтaгӣ дорад. Ҳамзамон ҳунармандони ноҳияи мо низ аз ин ҳунари воло бе баҳра нестанд. Вакте ки инсон майлу хохиши омӯхтану эҷодро дорад, синну сол аҳамияте надорад. Илҳом Тӯрсунов зодаи шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич мебошад. Ӯ яке аз ҷавонони пешсаф дар ҷодаи ҳунармандӣ буда, аз ҳамсолони худ хеле зираку ҷақон аст. Соли 2013 ба шӯъбаи рассомии Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Деваштич қабул гардид. Дар давраи таҳсил нисбати ҳамсабақон худро ҳамчун хонандаи фаъолу боистедод нишон дод. Ҳангоми таҳсил бо асарҳои эҷодкардааш дар Озмунҳои гуногун ширкат кардааст. Бо нишон додани маҳорати баланди ҳунару эҷодкорӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ҳоло бошад хатмкунандаи  мактаби санъати бачагона буда бахшида бо эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эҷоди хешро идома дода, якчанд корҳои амалияшро омода намудаст. Ҳамзамон барои ҳимояи Рисолаи дипломӣ дар мавзӯи «Устои танӯрсоз» кори илмию амалияшро давом дода истодааст. Муаллим, роҳбари илмӣ Маъмур Сангинов ба шогирдаш ҳамаи нозукиҳои хунари худро меомузонад. Илҳом низ аз ҷумлаи шогирдоне мебошад, ки мушоҳидакору зирак ва зудомӯз буда, аз имкониятҳо босамар истифода менамояд. Барои ҳамаи ҷавонон дар ҷодаи интихоб намудаашон муваффақиятҳо хоҳоем. Ҳамзамон ба устодон, ки  барои соҳибҳунару соҳибстеъдод ва соҳибилм намудани шогирдон заҳмати ҳамешагӣ мекашанд, бурдбориҳо таманно мекунем. Бигзор ҳамасол барои кули ҳунармандон соли рушди ҳунару эҷод бошаду муаррифгари имрӯзу фардои Тоҷикистони азизамон бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>