Шукронаи истиқлолу озодӣ кардан мароми мост !

ХУҶАНД. Бо дарки муҳимияти ваҳдати кулл, сулҳу суботи сиёсӣ, бародариву баробарӣ ва нигоҳдошти арзишҳои муқаддас, пос доштани анъанаҳои неки гузаштагонамон дар таҳкиму густариши оила, ки ячейкаи асосии давлат ба шумор меояд, дар Ташкилотҳои ибтидоии “Ҷаббор Расулов”, 1 Май,  “Содирхон Ҳофиз” мулоқоти намояндагони МИҲД ва Кумитаи Иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар робита бо мақомоти амнияти шаҳр бо фаъолони он баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур сухан аз боби худогоҳӣ, ватанпарастӣ, муқададас нигоҳ доштани истиқлолу озодӣ, пос доштани анъанаҳои неки оила ва оиладорӣ, роҳҳои пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила, мубориза алайҳи экстремизму терроризм, ҳаракатҳои тундгаро ва муқовимат нисбати онҳо ба миён оварда шуд. Бояд қайд кард, ки масъалаҳои мазкур ҷаҳони мутамаддинро ба ташвиш овардааст ва имрӯз сари ин масоил андеша кардан, пешниҳоду дархостҳои хешро пешниҳод намудан қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бовиҷдону ватнапарвар бояд бошад. Дар ҳоле, ки имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита иштирок мекунанд.     Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм муқаддас бояд нигоҳ дошт, шукронаи истиқлолу озодӣ бояд кард! Ватан Модари мост,  онро бояд бо ҷону дил ҳифз кард!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>