Мулоқоти Пешвои миллат натиҷа мебахшад

БӮСТОН Дар  маҳаллаҳои шаҳр оиди расонидани мӯҳтавои  мулоқоти  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12 майи соли равон дар пойтахти кишвар баргузор гардид, вохӯриҳои аъзоёни  кумиҷроия шаҳрӣ бо шаҳрвандон идома дорад. Вохӯрии навбатӣ дар маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳр бо иштироки занони  маҳалла баргузор гардида, дар вохӯрӣ аъзоёни Шӯрои занони назди кумиҷроияи шаҳрӣ шаҳр низ иштирок варзиданд. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр  ба иштирокчиён  дастуру супоришҳои  Пешвои миллат, оиди таълиму тарбияи  фарзандон дар роҳи  ватандӯстиву худшиносӣ, пешгирии бегонапарастӣ дар байни занону ҷавонон ва  бемориҳои сироятӣ аз ҷумла, пешгирии паҳншавии  ВНМО  (ВИЧ СПИД), зиёдаравӣ дар  баргузории ҷашну маросимҳо, аз рӯи имкон анҷом додани амалҳои хайру саховатмандӣ дар моҳи шарифи Рамазон, дастгирии ниёзмандону маъюбонро расонида, суханронӣ намуд.  Қайд гардид, ки тарбияи фарзандон асосан бар зиммаи модарон гузошта шудааст, бинобарон бояд ҳар як қадами гузоштаи фарзандон аз ҷумла писарон, ҷойҳои ташрифи онҳо, дӯстонашон, пӯшидани либосҳои бегона ва фаъолияти онҳо ҷидди зери назорат гирифта шавад. Маъсуф оиди нооромӣ ва ҷангҳои беамони баъзе аз кишварҳо ҳарф зад. Ҳамчунин, бурдани корҳои тарғиботӣ дар самти танзими пӯшидани  либоси миллӣ ва пешгирии эътироф нисбати  либосҳои ғайр, аз ҷумла  сатру аврад  аз ҷониби  занону духтарони шаҳр ва аҳли оилаи онҳо сӯҳбат намуда,  оид ба сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ дар устувории оромиву  осоиштагии   кишвар сухан кард. Ба модарон таъкид карда шуд, ки духтароне, ки таҳсили зинаи миёнаро хатм намудаанду  таҳсилро давом надодаанд бо  шуғл фаро гирифта шаванд, дар ин самт бо  бахши шуғли аҳолии шаҳр ҳамкориро мустаҳкам намуда, духтарон ба омӯзиши  ҳунарҳои миллӣ ҷалб карда шаванд. Чунин вохӯриҳои судманд дар маҳаллаҳои шаҳр идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>