Кӯдакон оянда миллатанд

ГУЛИСТОН. Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии «Бахши фарҳанг»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ дар мазӯъи «Кӯдакон оянда миллатанд», бо муҳассилини массисаҳои таълимии шаҳр бахшида ба «Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ташкил ва баргузор карда шуд. Дар он намояндагон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Мадализода Илҳоми Раҳим, котиби масъули комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Ғаниев Олимҷон иштирок ва баромад намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода кӯдакону наврасонро бо фарорасии «Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» шодбош намуда, баён намуд, ки кӯдакон ояндаи миллату давлати соҳибистиқлол мебошанд. Барои таълиму тарбия гирифтани кӯдакон хишти аввал аз батни модар оғоз ёфта, давом  ба дунё омадан, боғчаи бачагона, муассисаи таълимӣ ва донишкадаи олӣ аст. Мо аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи дуруст гирифтани насли оянда вазифадорем, ки шароити хуб фароҳам оварем. Бояд кӯдакон дар руҳияи ватанпарастӣ, меҳанпарастӣ, одоби хамидаи инсонӣ, зебопарастӣ, масъулиятшинос тарбия ёбанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>