Мулоқот бо соҳибкорону тоҷирон ва фаъолон

БӮСТОН. Мулоқоти раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо соҳибкорону тоҷирон, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, сарварони бозорҳо ва фаъолони шаҳр баргузор гардид. Нахуст роҳбари шаҳр оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон баён дошта буданд ибрози назар намуда, ҳамагонро ба саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва анҷом додани корҳои хайру саховат даъват намуд.  Сипас, роҷеъ ба тақвияти фаъолият дар самти ташкил ва баргузор намудани ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон дар маркази шаҳр, ба роҳ мондани аёдати пирони барҷомонда, ниёзманд, ятимону маъюбон ва дигар қишри ҷомеа дар доираи моҳи шарифи Рамазон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ҷаласаи корӣ ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр, соҳибкорону саховатмандон ва тоҷирон оид ба саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои таъмир ва барқарорсозии муассисаҳои иҷтимоӣ, барқарорсозӣ, таъмиру тармим ва бунёди варзишгоҳ ва майдончаҳои варзишӣ, ободониву таъмири роҳҳо, чароғонкунӣ ва амсоли инҳо таклифу пешниҳодшо манзур гардид. Таъкид гардид, ки яке аз суннатҳои хоси моҳи шарифи Рамазон аёдати беморону барҷомондагон ва ниёзмандон маҳсуб ёфта, дар ин раванд зарур аст, ки аз ҷониби табибони тибби оилавии муассисаи давлатии Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр дидорбинии чунин шахсон ба роҳ монда шавад. Дар ин замина бо мақсади таъмини аҳолӣ ва бахусус ҷавонон бо ҷойҳои корӣ ба масъулини бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва кор бо ҷавонон ва варзиш дастур дода шуд, ки ҳар моҳ дар шаҳр мунтазам ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор карда шуда, ин раванд зери назорати ҳамешагӣ қарор дода шавад. Ба ходимони дин, оид ба тарғибу ташвиқи корҳои хайру саховат ба ниёзмандон ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву ифротии ғайриқонӣ, пешгирии иштироки шаҳрвандон дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастуру маслиҳатҳо дода шуд. Қайд карда шуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон бояд баҳри пешгирии ҳамагуна исрофкорӣ ва хароҷотҳои барзиёдатӣ ва амсоли инҳо тадбирҳо андешида шавад. Дар ҷаласаи корӣ ҳамзамон ба масъулини бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва кор бо занон ва оила оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо, вусъати корҳои мурососозӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва кор бо оилаҳои осебпазир супоришҳои мушаххас дода шуд. Ба масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастур дода шуд, ки баҳри омодагӣ ва дар сатҳи назаррас ташкил ва баргузор намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ташкил ва баргузор намудани дидорбинии сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, ташкили дастурхони идона дар мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва амсоли инҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад. Вобаста ба таҳкими робита бо аҳолӣ, вусъати корҳои тозакориву ободкориҳо дар маҳаллаҳо дар партави дар қаламрави вилоят эълон гардидани 1300 Рӯзи ободониву созандагӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ ба раисони маҳаллаҳои шаҳр супоришҳо дода шуд. Дар интиҳо як қатор соҳибкорону фаъолони шаҳр баҳри саҳмгузориҳо дар таҳкими созандагиву бунёдкорӣ ва идомаи иқдомҳои наҷибу дурнигаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамовозии хешро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>