Мулоқот бо ҷавонон

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳия ҷамъомад таҳти унвони «Ифротгароӣ ва терроризм — вабои аср» бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур ваколатдори калони ШКДАМ ҶТ дар ноҳия Абдуллоев Хисрав, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Маъруфзода Маъбуд, намояндаи ШВКД-и ноҳия лейтинанти калони милитсия Ҳалимов Шорафиқ,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Набиев Шерзод ва корманди шуъбаи маориф Рӯзиев Сухроб иштирок ва баромад намуданд. Ваколатдори калони ШКДАМ ҶТ дар ноҳия Абдуллоев Хисрав иброз дошт, ки: Аз соли 2006-ум инҷониб дар мамлакат фаъолияти чандин ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ансоруллоҳ», «Гуруҳи 24», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Салафия»  ва ТЭТ Ҳизби наҳзат манъ карда шудааст. Вале ин гуруҳу ҳаракатҳо имрӯз муборизаро бо шаклу намудҳои дигар ба роҳ мондаанд, ки ҷалби шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ба задухӯрдҳои давлатҳои хориҷӣ — Сурияву Ироқ ва Афғонистон аз ҷумлаи онҳо аст. Ба доми онҳо аксарият афтодагон ҷавонони аз 18 то 30 — сола ташкил медиҳанд. Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро амалӣ намоем. Намояндаи ШВКД-и ноҳия лейтинанти калони милитсия Ҳалимов Шорафиқ баромад намуда оиди  пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону наврасон ва инчунин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуд. Дар охир суолу ҷавоби озод баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>