Рӯзи кӯдакистон

АШТ. Рӯзи гузашта дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бахшида ба эълон гардидани “Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба истиқболи Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона таҳти унвони “Рӯзи кӯдакистони  №12” баргузор гардид. Дар чорабинии идона Раиси Кумитаи иҷро ияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Баҳриддин Зиёӣ, муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, собиқадори ҲХДТ дар ноҳия Сабоат Қаробоева ва кӯдакон аз муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия  иштирок доштанд.Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳивӣ Баҳриддин Зиёӣ дар баромади худ қайд кард, ки давраи хушбахтию осудаҳолии инсон ин давраи кӯдакӣ мебошад ва зиндагии инсон бе ҳастии кӯдакон ҳеҷ аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ифодагари он аст, ки мо нисбат ба ҳаёти кӯдакону наврасон ва ҷавонон бетафовут набуда, ояндаи кишварро аз ҳастии онҳо медонем. Дар идома зикр дошт, ки Рӯзи ҳифзи кӯдакон моҳи ноябри соли 1949 бо қарори иҷлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид.  Аниса Ҷалилӣ муовини Раиси ноҳияи Ашт дар суханронии худ зикр дошт, ки кӯдакон зеҳни тоза, хотираи қавӣ ва муҳим аз ҳама дили поку беолоиш доранд. Сабоат Қаробоева, Муътабар Мадаминова собиқадорони ҲХДТ иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи кӯдакон шодбош намуданд. Сипас аз ҷониби тарбиятгирандагони кӯдакистони рақами 12 ба номи “Истиқлол” ба иштирокдорон барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва саҳнаҳо аз ҳаёти имрӯза бо нигоҳи кӯдакона  пешниҳод карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар чорабинӣ аз тарафи КИ ҲХДТ дар ноҳия ба 100 нафар кӯдакон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>