Вохӯриҳо бо аҳолӣ

АЙНӢ. Санаи 29-майи соли  равон   намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади вохӯрӣ бо аҳолӣ оид ба дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварданд. Ба гурӯҳт корӣ Исроилзода  Шараф- Сардори нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилояти Суғд,Ҳакимзода  Холмаҳмад- Сармутахассиси нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилояти Суғд,раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия  Қобилзода  Абдуғанӣ , мудири бахши кор бо занон, сармутахассиси шӯъбаи ташкилӣ, раиси ҷамоати деҳоти Дар-дар шомил буданд. Қобилзода  Абдуғанӣ  ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида,қайд намуд, ки имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ  вохӯриҳои намояндагони Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо мақсади шунидани дархости мардум ба роҳ монда шудааст. Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки   тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардид.  Дар  охир  иштирокчиён фикру  ақидаҳои  худро  пешниҳод  намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>