Бетарафӣ пушаймонӣ меорад

Андеша доир ба намоиши эътирозӣ дар назди сафоратхонаи Эрон дар шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷомеа чунин таъкид намудаанд: «Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон». Пайғомбари Худо (с) фармудаанд: «дин насиҳат ва хайрандешӣ аст. Гуфтаанд: барои чӣ касе? Фармудаанд: барои Худо ва барои китобаш ва барои расулаш ва барои роҳбарони мусулмонҳо ва барои ҳамаи муслимин». Мо бояд пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ва дар ақидаамон устувор бошем, ба ифротгароёну иғвогарон, онҳое, ки аз номи ислом суханҳои бардурӯғ мегӯянд, мазҳаби моро таҳқир мекунанд, бовар накунем. Пайрави мазҳаби Имоми Аъзам будан шараф аст ва мо бо мазҳаби худ ифтихор дорем. Дар Тоҷикистони азизи мо барои онҳое, ки аз рӯйи мазҳаби Имоми Аъзам ибодату фаъолият мекунанд, ягон мушкилие нест. Барои зиндагии хушу хуррамона кулли шароитҳо муҳайё мебошанд. Боиси нигаронист, ки дар замони мо исломро бо роҳи ташкили ҳизбҳои динӣ ба манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ истифода мебаранд, ва ин амал ҷомеаҳои ҷаҳониро мувоҷеҳи тахрибкориву нооромӣ ва хунрезиҳои зиёд мегардонад. Ба мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон солҳои 1992-1996 чӣ мусибатҳоеро ба сари миллати тоҷик овард. Ҳизбиёни хиёнаткор бо роҳбарони худ Ватан, миллат ва мазҳаби худро фурӯхтанд. Ҷонибдорони М.Кабирӣ дар баъзе мамлакатҳо ба роҳбари ҳизби манъшуда ва террористӣ эълоншуда гӯш медиҳанд. Хусусан барои Ҷумҳурии исломии Эрон Кабирӣ меҳмони воломақом маҳсуб гаштаву аксарияти аъзоёнашон дар ин давлат зиндагӣ мекунанд. Онҳо хомӯш нестанд, бо кӯмаки хоҷагони пасипардагии худ амал мекунанд. Яъне, ҳарчӣ хоҳанд дар бораи Тоҷикистону тоҷикон мегӯянд.Хиёнати наҳзатиҳо дар таърихи 4 сентябри соли 2015 бо сардории Назарзода Абдуҳалим маъруф бо лақаби «Ҳоҷӣ Ҳалим» бо ҷонибдории раиси ТЭТ ҲНИ—Муҳиддин Кабирӣ бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халалдор намудани амнияти давлат равона шуда буд. Раиси собиқи ТЭТ ҲНИ Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намуда буд: «кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои вазоиф дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шуда буд. Дар ин маврид донишҷӯёне, ки муҳассилини давлатҳои хориҷӣ буданд, ба мо кӯмакҳои хубе карданд, ки мо ба худ роҳ ёбем, тарзу усули муборизаро биомӯзем, ислом танҳо иборат аз ибодат нест. Ислом ҳам дин, ҳам сиёсат, ҳам дунё, ҳам охират аст». Албатта, донандагони мазҳаби Имоми Аъзам аз амалу суханронии собиқ раиси ТЭТ ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш хулоса бароварда, барои покизагии  мазҳаби худ ва барои қабул накардани мазҳаби шиа, ки хоси миллати мо нест, мубориза мебаранд.  Ҳақ ба ҷониби донишмандони мазҳаби Имоми Аъзам аст, ки зарурият надоштани ташкили чунин ҳизбро дар Тоҷикистон таъкид намуда, гуфта буданд: «барои мазҳаби Ҳанафӣ ҳизби наҳзати Ислом лозим нест». Санаи 21 майи соли равон дар намоиши эътирозӣ дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе мардум барои баргардонидани фарзандони худ аз хориҷи кишвар талабҳо пеш гузоштанд. Шиорҳои «Нест бод Кабирӣ!», «Такрори солҳои 1992-2000-умро намехоҳем!», «Фарзандони моро ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ накунед!», «Дар Тоҷикистон барои ҷангҳои мазҳабӣ ҷой нест!» ва ғайра аз ҷониби мардум баланд садо медоданд. Мо тарафдори чунин ақидаҳо ҳастем, вале ин амал на бо роҳи намоишу эътирозҳо, балки бо воситаҳои гуфтугӯи дипломатӣ бояд ҳал шавад.  Шукрона аз он дорем, ки дар фазои тинҷу ором зиндагӣ ба сар мебарем. Имрӯз барои тоату ибодати аҳли мусулмонони Тоҷикистон дар асоси санадҳои меъёрӣ ва қонунҳои амалкунанда тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Аҳли ҷомеаро ба ватандӯстиву ватанпарварӣ, меҳру оқибат ба якдигар, ҳалолкориву поквиҷдонӣ ва амали хайру саховат роҳандозӣ менамоем. Воқеаҳои хунини солҳои 90-ум доимо ба назари мо намоёнанд ва мо намехоҳем, ки онҳо бори дигар такрор шаванд.  Аз ин лиҳоз, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ рисолати ҳар нафар аст. Дар охир мо, ходимони дин дуо мекунем, ки Худои таъоло ҳеҷ касро аз роҳи росту дуруст бероҳа накунад, мардуми шарифи диёр соҳиби бахту саодати бардавом бошанд ва Тоҷикистони азиз обод бошад.

М.ҶАМОЛИДДИНОВ, сархатиби ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>