Тоҷикистон каъбаи дил, нури имони ман аст

grafo-historica-300x199

ТААССУРОТ. Иштирок дар мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбад санаи 12 майи соли равон бо аҳли ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон мо шаҳрванадони баору номуси миллатро намегузорад, ки дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки баҳри таъмини зиндагонии шоиста ба мардум нигаронида шудааст, бетараф ва каммасъулият бошем. Суханронӣ дар ин мулоқоти саривақтӣ бозгӯи навбатии талошу заҳматҳои Сарвари давлат баҳри таъмини зиндагонии шоиста ба мардум, ҳифзу таъмини сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромӣ ва арзишҳои миллӣ дар кишвар буд. Дар ибтидои суҳбат Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик ва аз фазилатҳои неки он ёдоварӣ намуданд. Аз аҳли ҷомеа, махсусан аз ходимони дин даъват ба амал оварданд, ки дар давоми моҳ иҷрои амалҳои хайру наку ва дастгирию расонидани кӯмакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолиро зиёдтар анҷом диҳанд. Дар амрҳои маъруфи худ аз хислатҳои неки инсонӣ, ҳидоятҳои неки дини мубини ислом, ҷабҳаҳои тарбиявию ахлоқии равияи Имоми Аъзам мисолҳо оварда намозгузоронро ба шукргузорӣ аз ин ватани осудаю обод ва гул-гул шукуфон  раҳнамоӣ кунанд ва аз иҷрои амалҳои ношоиста ва бадмуомилагӣ дур бошем. Пешвои миллат дастур доданд, на ин ки дар муддати моҳи шарифи Рамзон, балки ба таври ҳамешагӣ соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпешаю сарватманди ватан дар таъсиси корхонаҳои хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мададрасонӣ ба оилаҳои камбизоат ва кӯдакони ятим, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистону, хонаҳои саломатӣ, умуман дар ободонии ватан  саҳмгузор бошанд. Мо бояд аз баҳри исрофкориҳо, худнамоишдиҳӣ баромада, зиёдаравӣ накунем, дар давраи зиндагониамон амалҳои некро ба анҷом расонем. Дар ин бора ҳатто чандин ташаббусҳои нек аз толор садо доданд, ки сазоворӣ пайравӣ мебошанд. Шукронаи зиндагонии имрӯза, ҳастии худ  кунем, шукр гуем, ки чунин ватани осуда ва ободу зебо дорем. Зеро хизмат ба ватан, волидайн ва тарбияи инсон дар рӯҳияи накукорӣ, иҷрои амалҳои хайру наку савоби хеле зиёд дорад. Дар урфият хуб гуфтаанд, ки «Макка чи меравӣ дилеро дарёб». Ҳоло дар ватани мо бисёр нафарон ба ҷои сафари Ҳаҷ ба иҷрои корҳои ободонӣ ва дастгирии нафарони камбизоат ва тарбияи тифлакони ятим ва бепарастор, хонондану хонадор кардани онҳо, таъмин бо манзили зист  машғул ҳастанд.  Дар суханронӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон сарчашмаи обҳои мусаффо ва захираи зиёди оби ширини нӯшокӣ мебошад. Қариб 950 дарё ва рӯдҳои шухи кӯҳӣ ҳудуди Тоҷикистони азизро убур намуда. ҳазорон га заминҳои ташналаб ва мардуми диёрро шодоб мегардонанд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистониён хушбахттарин инсонҳои рӯи дунё мебошанд. Зеро ин неъмати бобаҳо насиби ҳамаи миллатҳо ва давлатҳои ҷаҳон нест. Имрӯз миллионҳо нафар аҳолии ҷаҳон аз набудани оби нӯшокӣ ва дастрасии он танқисӣ кашида, ҳазорон нафар ташналабон ҳаррӯз мемиранд. Ин мушкилоти глобалии ҷаҳониро Пешвои миллат ҳануз ду даҳсола пештар дарк намуда бо пешниҳодҳои саривақтӣ ба мардуми ҷаҳон муроҷиат намуданд, ки мо бояд дар ҳамдастӣ ҳалли масъалаи мазкурро дарёбем. Дар робита ба ин пешниҳоди чаҳоруми Тоҷикистон аз ҷониби Созмони милали муттаҳид дастгирӣ ёфта Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дастгирӣ ёфт ва амалишавии ҳадафҳои он ба нафъи аҳолии сайёра аст. Дар навбати худ мо мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем. Онро сарфакорона ва муфид истифода барем. Таҷҳизот ва иншоотҳои обрасонро хеле хуб эҳтиёт намоем. Дар мулоқот Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи сиёсии як қатор давлатҳои ҷаҳон, ки ноором асту  ҷангу кушторҳои инсонҳои бегуноҳ идома дорад ва умуман нооромии  сайёра ҷалб намуданд. Дар ин бобат суханронии роҳбарияти мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо  далелҳои дақиқ  суханонӣ намуданд, шунида шуд. Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон хушбахтарин инсонҳое мебошанд,ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва тинҷию осудагӣ умр ба сар мебаранд. Дар дунё миллатҳое ҳастанд, ки солҳои сол барои ба даст овардани истиқлолият ва таъсиси давлати миллии худ мубориза мебаранд, аммо мушарраф намешаванд. Бинобар он мо ҳама пиру ҷавон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо сулҳу ваҳдати комил расем. Онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.  Дар шароити муосир вазифаи асосӣ тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ҳифз ва тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва бегонапарастӣ мебошад. Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳиссиёти ифтихор аз ватан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолиятро парвариш намоем. Мо имрӯз ашки шашқатори волидайн, оилаҳои бепарастормонда, кӯдакони ятимро мебинему оқибатҳои бади ифротгароӣ, сафар кардан ба давлатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифрогароро дарк менамоем. Ба таъкиди роҳбари давлат тарбият дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва меҳрубонӣ, дустдории ватан ва волидайн аз кӯдакистон оғоз ёфта дар муассисаҳои таълимӣ ва Донишкадаҳо тақвият меёбад. Волидайн низ бояд дар масъалаи тарбияи фарзандони қобил, бофарҳанг ва дидадаро, хушахлоқу донишманд ва боистеъдоу созанда нақши босазо дошта бошанд. Ба андешаи Роҳбари давлат яроқи беҳтарини мо ин муттаҳидӣ ва Ваҳдати комили мардуми Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ вазифа аз он иборат аст, ки оид ба пешгирии  оқибатҳои ногуворӣ  нооромӣ дар ҷаҳон, минтақа ва ватанамон бо гузаронидани суҳбатҳои хона ба хона, кӯча ба кӯча, маҳалла ба маҳалла дар байни аҳолӣ бо қиёси вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва давлатҳои ноором пеши роҳи ҳар гуна амалҳои номатлубро гирем. Тавре маълум аст, саломатии миллат боигарии давлат аст. Дар суханронии худ Пешвои миллат оид ба оқибатҳои ногувори паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла, ВНМО ва нашъамандӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Дар суханронии худ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазъи ба амаломадаро дар ин самт бо рақамҳо таҳили намуд. Пешвои миллат мо фаъолонро вазифадор намуданд, бо истифода аз роҳҳои гуногуни фаҳмондадиҳӣ, паҳн намудани варақаҳо ва сӯҳбату мулоқотҳо пеши роҳи ин хатар ба миллату насли инсонро бигирем. Дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳбудии  рӯзгор саҳмгузор бошем. Дар ин бобат дар ҳамкорӣ бо Агентии шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират  корбарӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондаҳиҳӣ ва ташкилӣ аз санҷиши тиббӣ гузаронидани онҳо пас аз бозгашт ба ватан аз корҳои муҳим ба ҳисоб меравад.  Умуман, суханронии Пешвои миллат, муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар мо ҳизбиён, фаъолон, зиёиён, ҷавонон ва дигар намояндони қишрҳои ҷомеаро масъул менамояд, ки корбариро дар ҳама самтҳо вусъат бахшем. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Сиёҳро аз сафед фарқ намоем. Сари ҳар кор бо андеша бошем. Дар ҳифзу ободонии ватан саҳмгузор бошем. Нагузорем, ки ягон нафар нохалаф ба зиндагони тинҷу осудаи мо халал расонад.

                                 Мурод Шукурзода,

 раиси КИ ҲХДТ

                               дар шаҳри Панҷакент

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>