Нақши оила дар пешгирии зуҳуроти номатлуб

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ ба масъалаи зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ кишварҳои олам алайҳи он бояд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон баранд. Набояд фаромӯш сохт, ки кишвари мо ҳарчанд аз минтақаҳои даргири терроризм аз нигоҳи ҷуғрофӣ як андоза дар канор бошад ҳам, нооромии минтақа ва кишварҳои ҳамсояву ҳамсарҳад метавонад фазои моро ноором созад. Аъзои ин гурӯҳҳои ифротгаройӣ қотилону ҷинояткороне мебошанд, ки баҳри расидан ба мақсадҳои нопокашон ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ фаъолият ба роҳ мондаанд. Ин падидаи нанговар ба хотири  бадном кардани дини муқаддаси ислом аз тарафи душманон роҳандозӣ мешавад. Ин равияҳои тундгаро  ба коми худ, хусусан, ҷавонони нокомеро, ки дониши комили сиёсиву динӣ надоранд ва аз илму фарҳанг дур ҳастанд, мекашад. Аз тарбия ва назорати фарзандон набояд дур буд. Ҳар як фарди бонангу номус бояд дар бартараф  ва пешгирӣ намудани ин падидаи фалокатбору  ваҳшатзо  саҳм гузорад ва нагузорад, ки хатари он ба ҷомеаи тинҷу ороми мо реша давонад. Дар пешгирии ин ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа нақши оила калон буда, ҳамчун ниҳоди асосӣ уҳдадор аст, ки мутобиқсозии ҷавононро дар шароити муосир ва ҳифзи онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ таъмин намояд. Волидон набояд дар тарбияи фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ диҳанд. Омӯзгорон ва умуман, аҳли ҷомеа низ нисбати ин масъала бетаваҷҷуҳ набошанд. Воқеан ҳам, таълиму тарбияи насли наврас ва роҳнамоии дурусти ҷомеа омили муҳими пешгирии ҳама гуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир буда, аз аҳли ҷомеа тақозо менамояд, ки нисбат ба мушкилоту масъалаҳои замон бетараф набошанд. Барои пешрафту нумӯи Ватан, дар ҷодаи таҳкими асосҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини тараққиёти минбаъдаи кишвар садоқатмандона, ҳар чӣ бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Имрӯз фурсате расидааст, ба фарзандон чи дар хона, чи дар муассисаҳои таълимӣ истифодаи дурусти телефонҳои мобилиро омӯзонем. Зеро аксари ҷавонони гумроҳ ба ин гурӯҳҳои тундгаро ба воситаи телефонҳои мобилӣ шомил шудаанд. Таҳти назорати доимӣ гирифтани телефони мобилии фарзандон вазифаи ҷонии, пеш аз ҳама, волидон бояд бошад. Набояд фаромӯш сохт, ки танҳо дониш, илм, маҳорату кордонӣ ва зиракии сиёсӣ мо ва фарзандони моро аз ҳама гуна воқеоти номатлуб ҳимоя менамоянд. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин зуҳуроти номатлубро маҳкум месозад ва баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро чораҳои зарурӣ андешида, аз тамоми шаҳрвандони кишвари азизамон даъват ба амал меорад, ки барои решакан намудани ин падидаи нанговар бетараф набошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>