Мо кӯдакони хушбахти даврони истиқлолем

ХУҶАНД. «Мо кӯдакони хушбахти даврони истиқлолем»- таҳти чунин унвон чорабинӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, ки кӯдакон бо шавқу рағбат ва шодию сурури беамсоли худ дар васфи падару модар, Пешвои миллат, Тоҷикистон ва дар васфи кӯдакистону диёри худ шеъру сурудҳо хонданд. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ширкат варзида, баҳри дар амал тадбиқ намудани дастуру нишондодҳои маорифпарварона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи меҳнатӣ арзи сипос намуд ва ҳамаи кӯдакону наврасони муассисаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии «Ҳифзи кӯдакон» табрику муборакбод кард. Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба муассисаи мазкур тӯҳфаи Кумитаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>