Таҳкими робита бо ҷомеа

БӮСТОН. Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар дар самтҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб байни аҳолӣ, тарғиби ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ва татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 имрӯзҳо тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, ҷавонон ва падару модарон мулоқотҳо ташкил ва баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла чунин мулоқот имрӯз дар толори қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки ёрдамчии прокурори шаҳри Бӯстон Рустам Акрамов, ваколатдори калони шуъбачаи кофтукови ҷиноии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия Юсуф Раҳимов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мамнур Нурзода, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Боқӣ Қудратов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов ва мудири бахши кор бо занон ва оила Мунзифа Расулова баргузор гардид. Дар кори мулоқот устодон ва кормандони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, аҳолии маҳаллаи «Садаф», кормандони муаассисаҳои фарҳанг, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дигарон ширкат намуданд. Маърӯзачиён оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳое, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар 12 май баён гардиданд ибрози назар намуда, аз сокинон баҳри муборизаи дастаҷамъона бо ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва саҳмгузорӣ баҳифзи сулҳу ваҳдат ва гул-гулшукуфоии кишвар даъват ба амал оварданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>