Футболи хурд: Ҷоми ҲХДТ

ГУЛИСТОН. Тибқи барқияи телефонии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон № 10, аз 10.05.2018 оид ба таҷлил намудани «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон нақшаи гузаронидани чорабиниҳоро таҳия намуда, чораҳои мушаххас андешид. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарварӣ, дарёфти варзишгарони умедбахши Ҷоми Кумитаи Иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз ҳисоби ҷавонон ва тарғибу ташвиқи варзиш байни ҷавонон  бахшида ба моҳонаи «Рӯзи ҷавонон» мусобиқаи футболи хурд байни ҷавонони ташкилотҳои ибтидоӣ, корхонаву муассисаҳои шаҳр санаҳои 28-29-ум ва 30-юми майи соли 2018 дар майдончаи варзишии сунъии шаҳри Гулистон, ташкил ва баргузор карда шуд. Дар мусобиқаи футболи хурд 14 даста аз ташкилотҳои ибтидоӣ, корхонаву муассисаҳои  шаҳри Гулистон иштирок намуданд. Мусобиқа байни дастаҳо тибқи Низомномаи мусобиқаи футболи хурд шаффоф, шавқовар, ҷолиби диққати ҳозирин сурат гирифт. Дастаҳо байни ҳам 3 рӯз қувваозмоӣ намуданд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа намояндагон аз Федератсияи футболи вилояти Суғд, прокурори шаҳри Гулистон, комиссариати ҳарбӣ ва дигар меҳмонон иштирок доштанд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода иштирокчиёни мусобиқаро бо  «Рӯзи ҷавонон» шодбош намуда, ҳамзамон 15 нафар варзишгарон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардидан ва шаҳодатномаҳо дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.  Барои иштироки фаъолона ташкилоти ибтидоӣ, корхонаву муассисаҳои шаҳр бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, дастаҳои ғолиб, ҷоизадорони ҳайати даста «Бозингари беҳтарин», «Ҳамлагари беҳтарин», «Ҳимоятгари беҳтарин», «Дарвозабони беҳтарин», «Нимҳимоятгари беҳтарин» бо диплом, медал, Ҷом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мукофотонида шуданд. Ҷойи сеюм насиби ташкилоти ибтидоии Шабакаи барқии Суғд, ҷойи дуюм насиби муассисаи “Соҳил”,  ҷойи якум ва Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон насиби  Шуъбаи Вазорати  корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>