Чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи ҳифзи кӯдакон»

ҶАББОР РАСУЛОВ.  Ҳамасола 1 июн дар саросари дунё ҳамчун «Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон» таҷлил мегардад.  Чун мо дар «Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон» қарор дорем аз ин рӯ мехоҳем қайд намоем, ки зиндагии инсон беҳастии кӯдакон ҳеҷ аст. Санаи 31 майи соли 2018 дар кӯдакистони №6 ба номи «Гулшан» воқеъи дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов  чорабинӣ бахшида ба 1 июн «Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон» ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам, муовини раиси ноҳия Эгамзода Зулола Анварӣ, раиси ТИ ҲХДТ «Маориф» Шодиев Абдуҷалил, собиқадорони ҷангу меҳнат ва инчунин як гурӯҳ кӯдакони ятиму бапарастор, маъюб иштирок намуданд. Дар давоми чорабинӣ тарбиятгирандагони кӯдакистони №6 ба номи «Гулшан» бо шеъру суруд, рақсу бозӣ ва саҳначаҳои гуногун маҳорати худро ба иштирокдорони маҳфил нишон доданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби кӯдакистони №6 ба номи «Гулшан» ба кӯдакони ятиму бапарастор ва маъюб туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>