“Ронанда, наврасро роҳ деҳ!”

АШТ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аксияи умуминоҳиявии “Ронанда, наврасро роҳ деҳ!”-ро баргузор намуд, ки он тӯли ҳафтаи сипарӣ ба роҳ монда шуд. Боиси зикр аст, ки ба аксияи мазкур тамоми кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” сафарбар гардида, онҳо барои аз ҷойҳои серҳаракати мошин ва хавфнок гузаронидани пиёдагардон, махсусан наврасон бо ишорачӯбҳои махсус саҳми босазо гузоштанд. Дар рафти аския ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” нисбати шинос намудан бо аломати роҳи “Пайроҳаи пиёдагард” ва тарзи гузаштан аз пайроҳаи пиёдагардӣ тариқи сӯҳбат корҳои фаҳмонидадиҳии инфиродӣ ба амал оварда шуда, барои гузаштан аз роҳ кӯмак расонида шуд. Ронандагон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ низ фарогири аксияи мазкур гардида, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>