Аёдати кӯдакони маъюб ва ниёзманд

АШТ. Дар арафаи Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  баҳри болидахотирии ин қишри кӯчактарини ҷомеа корҳои назаррас ба роҳ монда шуданд. Рӯзи гузашта бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аёдати кӯдакони маъюб ва ниёзманд роҳандозӣ гардида, зимни дидор аз ғамхориву меҳрубониҳо ва таваҷҷӯҳи доимии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакону наврасон, ҳамешагӣ дар мадди назари Ҳукумати мамлакат ва Роҳбарияти ҲХДТ қарор доштани махсусан кӯдакони маъюб ибрози назар карда шуд. Ба аёдатшавандагон тӯҳфаҳ, аз қабили сарулибос, бозичаҳои бачагона, ашёи хониш ва шириниҳо тақдим карда шуданд. Чунин дидорбиниҳо тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро фаро гирифта, дар ин амали хайр раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони маҷлиси ноҳиявӣ, шахсони саховатпеша саҳми босазо гузошта истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>